Дар Норак то соати 12:00 56,2% интихобкунандагон барои фардои Ватан овоз доданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 11 октябри соли 2020 дар 16 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Норак,№46 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон ва ба ҷонибдории номзади арзанда овоз дода истодаанд. Ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд омода мебошанд.
Тибқи иттилои раиси ҳавзаи интихоботии Норак,№46 Рустам Зоғаков, шумораи умумии овоздиҳандаҳо дар шаҳр 30 837 нафар буда, то соати 12:00 17331 нафар овоз додаанд, ки 56,2 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Иштироки шаҳрвандон дар интихобот дар сатҳи хуб қарор дошта, айни замон дар баъзе участкаҳои интихоботӣ 80-90 фоизи интихобкунандагон раъй додаанд.