Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва беш аз 90% интихобкунандагон овоз доданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар интихоботи президенти Тоҷикистон дар участкаи интихоботии Сафорати ҷумҳурӣ дар Москва беш аз 90% аз шумораи умумии интихобкунандагон овоз доданд. Дар ин бора 11 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ба ТАСС хабар додааст.
Сафир таъкид кард, ки умедҳо ва интизориҳо дар мавриди иштироки интихобкунандагон бароварда шуданд ва дар участкаи интихоботии Москва фоизи зиёди овоздиҳандагон ба қайд гирифта шуд. “Тақрибан то соати 16:00 90-95% одамоне, ки мо интизорашон будем, омада, овоз доданд”, — гуфт ӯ.
«Мехоҳам зикр кунам, ки аз субҳи барвақт қатори хоҳишмандони овоздиҳӣ хеле дароз буд. Ва то ҳол интихобкунандагон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони мо, ки дер боз дар ин ҷо зиндагӣ ва кор мекунанд, ба овоздиҳӣ меоянд. Миёни овоздиҳандагон ҷавонон ва донишҷӯён низ зиёд буданд. Райъдиҳандагон на танҳо аз Москва, балки аз атрофи он — аз вилояти Москва, Рязан, Иваново ва дигар минтақаҳо барои иштирок дар интихобот меомаданд», — илова кард ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, сафорат интизор дорад, ки дар участкаи интихоботӣ ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванд овоз хоҳанд дод.
Овоздиҳӣ ором, муташаккилона ва бо дарназардошти вазъи уфунӣ ва риояи меъёрҳои санитарӣ сурат гирифт.
“Ягон ҳолати риоя накардани қоидаи интихобот сабт нашудааст. Ҳамаи одамон аллакай ҳама чизро пешакӣ медонистанд, зеро пеш аз интихобот мо дар байни шаҳрвандони худ тавассути ВАО корҳои зиёди иттилоотӣ гузаронида будем. Аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба таври васеъ истифода шуд. Дар натиҷа, имрӯз теъдоди зиёди шаҳрвандони мо омада, овоз доданд».
ДАР АКС: овоздиҳӣ дар Сафорати ҶТ дар ФР. Акс аз манбаҳои озод