Дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ меҳмонхонаи нав бунёд гардид

Октябрь 20, 2020 14:32

ХОРУҒ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ меҳмонхонаи нави дуошёна мавриди баҳрабарорӣ қарор дода шуд. Меҳмонхона 8 ҳуҷра дошта,  тамоми ҳуҷраҳо бо оби гарму сард, яхдон ва дигар асбобу анҷоми муосири маишӣ таъмин аст.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Зоҳиршо Шамсиддинов гуфт, ки чунин меҳмонхонаҳо агар аз як сӯ ба қабулу пазироии сайёҳони ватанию хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ мусоидат намоянд, аз сӯи дигар, симои шаҳракро боз ҳам зебову дилрабо мегардонад. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ мутобиқи нақша 85 адад биноҳои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки аз онҳо то ба имрӯз 65 адад ба фаъолият оғоз намудаанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Зафар Шарифов, ки ин меҳмонхонаро бунёд намудааст, аз кумаку ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки “баъди пешниҳоди лоиҳаи ин меҳмонхона раиси ноҳия ба муассисаҳои марбута дастур дод, ки дар зудтарин фурсат макони мувофиқ барои сохтмони меҳмонхона пайдо ва хулосаи худро ба комиссияи ноҳиявӣ пешниҳод намоянд. Таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳамагӣ давоми як моҳ ҳал гардид ва бинокорон ба бунёди меҳмонхона шурӯъ карданд”.

Бештари меҳмонон бо нақлиёти худ ба ноҳия сафар мекунанд ва ҳангоми пок кардани мошин ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин  дар ошёнаи аввал як нуқтаи шустушӯи мошин низ сохта шуд.

Баъди ифтитоҳи меҳмонхона боз панҷ нафар сокинони маркази ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Октябрь 20, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад