Дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ меҳмонхонаи нав бунёд гардид
ХОРУҒ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ меҳмонхонаи нави дуошёна мавриди баҳрабарорӣ қарор дода шуд. Меҳмонхона 8 ҳуҷра дошта, тамоми ҳуҷраҳо бо оби гарму сард, яхдон ва дигар асбобу анҷоми муосири маишӣ таъмин аст.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Зоҳиршо Шамсиддинов гуфт, ки чунин меҳмонхонаҳо агар аз як сӯ ба қабулу пазироии сайёҳони ватанию хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ мусоидат намоянд, аз сӯи дигар, симои шаҳракро боз ҳам зебову дилрабо мегардонад. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ мутобиқи нақша 85 адад биноҳои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки аз онҳо то ба имрӯз 65 адад ба фаъолият оғоз намудаанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Зафар Шарифов, ки ин меҳмонхонаро бунёд намудааст, аз кумаку ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки “баъди пешниҳоди лоиҳаи ин меҳмонхона раиси ноҳия ба муассисаҳои марбута дастур дод, ки дар зудтарин фурсат макони мувофиқ барои сохтмони меҳмонхона пайдо ва хулосаи худро ба комиссияи ноҳиявӣ пешниҳод намоянд. Таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳамагӣ давоми як моҳ ҳал гардид ва бинокорон ба бунёди меҳмонхона шурӯъ карданд”.
Бештари меҳмонон бо нақлиёти худ ба ноҳия сафар мекунанд ва ҳангоми пок кардани мошин ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин дар ошёнаи аввал як нуқтаи шустушӯи мошин низ сохта шуд.
Баъди ифтитоҳи меҳмонхона боз панҷ нафар сокинони маркази ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






