Дар шаҳри Гулистон беш аз 12 километр роҳҳои дохилии мошингард мумфарш гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон то ба имрӯз беш аз 12 километр роҳҳои дохилии мошингард мумфарш гардида, беш аз 34 километр шоҳроҳи Хуҷанд-Адрасмон аз таъмир бароварда шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯз то рӯз густариш ёфта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва саховатмандон роҳҳои дохилии шаҳрак марҳила ба марҳила таъмири асосиву мумфарш гардида истодаанд.
Сокинони шаҳри Гулистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлати саҳм гузошта, тариқи ҳашар роҳҳоро мумфарш карда истодаанд. Бо ташаббуси сокинон роҳи яке аз маҳаллаҳои калонтарин ва навбунёди шаҳраки Адрасмон – маҳаллаи Боғот ба тариқи ҳашар дар масофаи беш аз як километр мумфарш карда шуд.








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






