Дар Суғд 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. То 21 октябр дар навоҳии пахтакори вилояти Суғд 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Аз ҷумла, дар навоҳии Ашт 8983 тонна, Бобоҷон Ғафуров12002 тонна, Ҷаббор Расулов 9045 тонна, Зафаробод 19627 тонна, Конибодом 10929 тонна, Мастчоҳ 23291 тонна ва Спитамен 10384 тонна пахта истеҳсол гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилоят хабар доданд.
Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ дар хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили пахта муташаккилона идома дорад. Пахтакорону чинакчиён ҳамарӯза беш аз 2380 тонна пахта чида истодаанд.
Нақшаи истеҳсоли пахта барои соли равон қариб 130 ҳазор тонна буда, то имрӯз дар вилоят дурнамои ҷамъоварии ҳосил 72,8 дарсад иҷро гардидааст.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






