Дар Суғд даври дуюми мусобиқаи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор баргузор гардида, ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ғолиби мусобиқа дониста шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ва бо ин мақсад таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои корӣ корҳои назаррас амалӣ менамояд.
«Бахусус дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ гардида истодаанд.
Чун анъана бо мақсади дастгирии пахтакорон ҳамасола миёни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор мусобиқаи меҳнатӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, дар оғози моҳи равон бистрӯзаи якуми мусобиқаи маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд»,- гуфт номбурда.
Раиси вилоят ба ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ «Вимпели сайёр» ва мукофотпулиҳоро дар ҳаҷми 20, 10 ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кўшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар зироати кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, соли равонро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.
Деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии «Элёр»-и ноҳияи Ашт, «Иҷоракор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Озодҷон»-и ноҳияи Зафаробод, «Ҳоҷидеҳқонбой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Гули шодӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Зарбдор»-и шаҳри Конибодом ва «Турдиқулҳоҷӣ»-и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят 3648 хоҷагии кишоварзӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақият мебошад.
Пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд. То имрӯз қариб 100 ҳазор тонна «тиллои сафед» ба хирман рехта шудааст.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






