Дар Тоҷикистон нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 20 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 фоизи нақша иҷро гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод.
Дар Рӯзи аввали даъват нақшаи сафарбар намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аввалин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор пурра иҷро намуданд. Дар ин баробар вилоятҳои Суғд 15 ва Хатлон 23 фоиз, шаҳри Душанбе 42 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 фоизи нақшаи сафарбарнамоиро иҷро намуданд.
Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар мебаранд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар фард мактаби ташаккули шахсият аст. Барои ҳар давлати соҳибистиқлол, хосса халқу миллатҳое, ки озод будан ҷавҳари аслии ҳастии онҳоро ташкил медиҳад, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор ба сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 октябр дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд.








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






