Деҳоти дурдасти Бадахшон низ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи Шикуши ноҳияи Роштқалъа дар кӯҳдоман ҷойгир аст. Участкаи интихоботии ин деҳа дар ҳавзаи интихоботии Роштқалъа,№8 ба қайд гирифта шудааст.
Раиси участкаи мазкур Гулрухсор Лашкарбекова гуфт, ки “дар интихоботи имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сокинон шахсони имконияташон маҳдуд ва шахсони барҷомонда ҳастанд, ки ба нуқтаи овоздиҳӣ имкони омадан надоранд. Барои чунин афрод қуттиҳои сайёр омода шудаанд. Рӯйхати ҳамаи овоздиҳандагон таҳия ва дар «Гӯшаи интихобот»-и участка ҷо дода шудааст. Дар ин гӯша ҳамчунин маълумоти комил дар бораи панҷ номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботии онҳо, санадҳои қонунгузорӣ, маводи иттилоотӣ, дастурамалҳои методӣ насб шудаанд, ки интихобкунандагон дар вақти барояшон мусоид аз он дидан мекунанд”.
Ба гуфтаи раиси участкаи интихоботӣ Гулрухсор Лашкарбекова, интихобот яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсии мамлакат аст, ки ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳафт соли ояндаро муайян мекунад. Аз ин рӯ чӣ дар шаҳрҳои бузург ва чӣ дар деҳаҳои хурду дурафтода ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд омодагии ҳамаҷониба дида шавад. Ба шаҳрвандон низ ҳамеша талқин бояд кард, ки интихобот яке аз воситаҳои ширкати ҳар шаҳрванд дар идоракунии давлат буда, онҳо бояд аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунанд.
Дар участкаи мазкур ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 маҳлулҳои зиддисептикӣ, дастпӯшак, ниқобҳои яккарата дастрас шудаанд ва рӯзи овоздиҳӣ ба риояи фосилаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад.