ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ШАРАФ АСТ! ВМКБ нақшаи думоҳаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард
ДУШАНБЕ, 02.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, дар рӯзи аввал, 1 октябр, пурра иҷро намуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабанигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба ин муносибат дирӯз, 1 октябр, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ чорабинии идонаву маросими гусели навдаъватшудагон доир гардид, ки дар он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, масъулини Раёсати кор бо чавонон ва варзиш, волидону наздикони ҷавонон иштирок намуданд.
Як нафар аз ҷавононе, ки ихтиёран азми хизмат ба Ватан намудаанд, — Фарид Девлохов, номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо, дастпарвари Мактаби махсуси гуштини вилоят дар маросими гусели навдаъватшудагон чунин изҳор намуд:
«Мо, ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ, хастанопазирӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дар назди халқу Ватан дарси ибрат гирифта, ҳифзи марзу буми Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини оромиву осудагии ҳар як сокини кишвар, ҳимояи муқаддасоти миллат, нигаҳдошти фарҳанг ва забонро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.
Аз кулли ҷавонони кишвар – диловарони Ватан даъват ба амал меорам, ки бо ғурури баланди ватандорӣ ихтиёран ба сафи ҷавонмардони шуҷои Ватан шомил гарданд, Зеро ин миллати куҳанбунёди моро ба ғайр аз худи мо ҳеч кас ҳимоя ва дар ободиву осудагии он нақш намегузорад. Танҳо ва танҳо худи мо метавонем бо виҷдони пок ва ҳисси баланди ватандўстӣ ин миллати тамаддунофарро мисли қаҳрамонони миллат, хосатан Пешвои муаззами миллат ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Шиори мо чунин аст: «Ҷавонон — Пайрави Пешвои миллат». «Тоҷикистон ба пеш!»
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта низ дар ҳамин давра ВМКБ дар ҷумҳурӣ пешсаф буд ва дар рӯзҳои аввали даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, аллакай нақшаро беш аз 100 фисад иҷро намуда буд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат 2 сентябри ҳамин сол имзо шуда буд. Бар асоси он шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Тибқи фармони Сарвари давлат, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Мутобиқи Фармони Президенти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур дода шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.









«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






