«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»-намоише, ки ба ифтихори 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудааст

Октябрь 9, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 09.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.  7 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон  (солҳои 1941-1945) таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиш оғоз гардид, ки он то 10 октябр  идома меёбад. Дар намоиш аз фонди  Осорхонаи миллии  Тоҷикистон 80 адад  нигораҳо, аз ҷумла намунаи аризаҳои пешниҳод намудаи ихтиёрини ҶДҶ Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ, Маҷитов Авғон ва  мактубҳои  Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба тамошо  гузошта шуданд.  Ҳамчунин дар намоиш дигар лавозимоти ҷангӣ, аз қабили сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, шинел, гимнастёрка, миёнбанд ва сумкаи саҳроии Фотеҳ Ниёзӣ, сумкаи тиббӣ  ва милтиқи Назира Умарова, дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ Қодиров, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Амонов Р. гузошта шудаанд, ки солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд.

Тавре  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи муҷассамаҳои  хотиравии  «Ақибгоҳ барои фронт», «Ватан – Модар даъват мекунад», «Ҷанговар-наҷотдиҳанда» ва  Пистолет — пулемёти Шпагин, намунаи соли 1942 — ро эҳдо намуданд, ки онҳо дар намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин дар намоиш 12 адад мусаввараҳои  рассомон, ки ба  мавзӯи  Ҷанги  дуюми ҷаҳон бахшида  шудаанд, пешниҳоди  тамошобинон мегарданд.

Намоиш бо ҳамкории муштараки Осорхонаи миллии Тоҷикистон,   Сафорати Федератсияи Россия ва намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар ифтитоҳи он намояндагони сафоратхонаҳои Беларус, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Пешниҳод шудани ордену медалҳоба намоиш аз далерию матонати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва заҳматҳои фаромӯшнашавандаи онҳо шаҳодат дода, боздиди онҳо ба тамошобин эҳсоси баланди ватандӯстӣ  мебахшад.

Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Бахшида ба ин ҳодисаи таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи алоҳидаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба таври доимӣ фаъолият менамояд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»  дар Осорхонаи  миллии Тоҷикистон то 10 октябр доир мегардад.

Октябрь 9, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд