ИМРӮЗ – РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Ин «аз ҳамаи санъатҳо муҳимтарин» чун падидаи фарҳанги миллӣ ва оинаи миллат моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 16.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик ва 90 – солагии «Тоҷикфилм» имрӯз дар «Кохи Наврӯз» бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ ҳамоиши идона баргузор мегардад, ки дар он ҳунармандон ва собиқадорони кинои тоҷик иштирок мекунанд. Тавре сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Назар Назаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиши мазкур барномаҳои фарҳангӣ ва нахустнамоиши филми ҳунарии «Бачаи обӣ» дар назар дошта шудааст.
Таърихи ибораи машҳури «Аз ҳамаи санъатҳо барои мо муҳимтаринаш киност», ки онро ба Владимир Ленин рабт медиҳанд, он қадар сода нест, ки бисёриҳо мепиндоранд.
Аввал ин ки нахустин бор дар байни мардум ин ибораро комиссари ҳамонвақтаи маорифи собиқ ИҶШС Анатолий Луначарский аз номи Ленин ба забон овардааст. Ӯ соли 1923 дар маҷаллаи «Пролеткино» навишта буд: «Владимир Илйич чанд дафъа ба ман таъкид карда буд, ки аз ҳамаи санъатҳо муҳимтарин ва бештар аҳамияти давлатӣ доштааш кино мебошад».
Дигар ин ки кино воқеан ҳам муассиртарин, оммавитарин ва фарогиртарин навъи санът мебошад, ки барои муаррифии таърих, фарҳанг, забон, чеҳраҳои мондагор ва расму русуми миллии мо, тоҷикон низ дар Тоҷикистон ва берун аз он хизмати шоиста кардааст.
«Ҳарчанд ки то ба даст овардани соҳибистиқлолӣ соҳаи кино ва хусусан фаъолияти «Тоҷикфилм» суст гардида, иддае аз мутахассисони боистеъдод ҷумҳуриро тарк карда буданд, вале баъди соҳибистиқлолӣ, шуруъ аз солҳои 2000-ум, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба истеҳсоли филмҳои гуногунжанр шурӯъ ка
рд. Ҳоло филмҳои беҳтарин рӯи навор омадаанд. Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ду маротиба — «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011-2015» ва «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» қабул гардиданд, ки пас аз татбиқи онҳо заминаҳои моддӣ-техникии муассиса пурқувват карда шуданд»,- гуфт Назар Назаров.
Ба ибрози номбурда, дар ин давра барои истеҳсоли филмҳо маблағҳои зарурӣ пешбинӣ ва ҷудо гардида, кинотеатр ва толорҳои кинонамоишдиҳӣ ба шароити замона мутобиқ гардонида шуданд. Инчунин истеҳсоли филмҳои гуногун бештар шуда, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кӯдакони синни томактабӣ таҳияи филми аниматсионии «Алифбо» бо давомнокии 88 дақиқа ба анҷом расонида шуд, ки он яке аз беҳтарин филмҳо барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов баён дошт, ки кинои тоҷик, новобаста ба мушкилоти соҳа ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Имрӯз ба таъсиси «Тоҷикфилм» 90 сол пур мешавад. Аз соли 1930 то имрӯз кинои тоҷик маркази фарҳанги синамоӣ буда, ҳувияти миллии моро ифода менамояд.
«Солҳои аввали истиқлол кинои тоҷик бо мушкилоти зиёд дучор шуд ва хушбахтона, бо таъсиси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва тақвияти заминаи техникии он, ки аз воситаҳои филмбардорӣ иборат аст, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Ҳоло моро мебояд, ки нақша ва идеяҳои худро ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар карда, филмҳои сатҳи баланд омода намоем»,- гуфт Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.
Ба ақидаи Сафар Ҳақдодов, кинои асил, ҳақиқатҷӯ, баландпоя бояд ҳатман зери ҳимояву дифои давлат, ҷомеа, мардум ва аҳли башар бошад. Миллате, ки чунин кино дорад, миллати пешқадам аст.
Ба гуфти Сафар Ҳақдодов, тамошобини тоҷик ба филмҳое, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос менамоянду масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир сохта, тарғибгари анъанаҳои миллӣ мебошанд, беш аз пеш ниёз дорад.
Беваҷҳ нест, ки муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Таъкидҳои Пешвои миллат оид ба масъалаи мавриди назар асоси воқеӣ дошта, ҳарчӣ зудтар амалӣ шуданашон муҳим, саривақтӣ ва зарур аст. Зеро дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо ба авҷи аълои худ расидаву гурӯҳҳои ифротгаро пайи ҷалби ҷавонон «камари ҳиммат» бастаанд, таблиғи ғояҳои миллӣ, ватандӯстӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ба воситаи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ амри муҳиму зарурӣ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» се филми ҳунарии пурра, се филми бадеии кӯтоҳ, 10 филми мустанад ва як филми тасвирӣ омода намуд. Дар шашмоҳаи дуюми имсол таҳия ва наворбардории ду филми ҳунарии пурра ва се филми мустанад дар нақша аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Зеро дар ин рӯз аввалин филм доир ба Тоҷикистон –«Омадани поезд аз Тирмиз ба Душанбе» аз ҷониби кинематограф Василий Кузин наворбардорӣ шуда буд.
Ин филми давомнокиаш ҳамагӣ як дақиқа бевосита бо Анҷумани Ш фавқулодаи Шӯрои ИҶШС, ки дар он 16 октябри соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурии ҳафтуми баробарҳуқуқ эълон гардид, алоқаманд буд. Ин аввалин филме буд, ки дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Баъди анҷуман ин филмро чанд рӯз паиҳам ҳамроҳ бо филме, ки ба фестивали ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда буд, намоиш медоданд. Тавре Василий Кузин дар ёддоштҳои худ менависад, баъди ҳар тамошои филм толор аз кафкӯбиҳои баланд ва нидоҳои «Ура!» қариб «метаркид». Филмро ҳамарӯза даҳҳо бор намоиш медоданд.
Кинои тоҷик тӯли фаъолият симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштааст ва имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонӣ