ИМРӮЗ ВА ПАГОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВО ЯКБОРА САРД МЕШАВАД. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд

Октябрь 9, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 октябр дар ҷумҳурӣ  ҳаво якбора  номусоид шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борон шиддат гирифта, дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 500 метр  ба  барф   табдил меёбад.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддати то 10-15 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

11 октябр дар ағбаҳо туман мефарояд. 11-12 октябр шабона дар ноҳияҳои кӯҳии  кеишоварзӣ дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр то 1-3 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ шуда, сармозании бармаҳали тирамоҳӣ  дар қабати хок эҳтимол дорад. Ҳарорати пасти ҳаво сабаби  зиён дидани зироат ва сабзавоти ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо халалдор месозад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, моҳи октябр ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Даҳаи дуюм ва сеюми моҳи  октябр дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли пастшавии ҳарорати ҳаво дар  мавҷуд буда, боронҳои кӯтоҳмуддат, вазиши шамол ва чангу ғубор дар назар аст. Шабона ҳаво аз 9+14 то 6+11 дараҷа ва рӯзона аз 24+29 то 19+24 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш асосан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 13+14 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ эҳтимоли пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин минтақа  пешгӯӣ мегардад.  Дар водиҳо миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ (меъёр дар водиҳо 13-17 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ — 15-32 мм) пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 8+15 дараҷа (меъёр 8+150) гармиро ташкил медиҳад.

Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона ҳаво аз 5+10 то 2+7 ва рӯзона аз 15+20 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Бориши шиддатнокиаш гуногун асосан дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пешгӯӣ мешавад.

Дар  шарқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи ҳаво аз рӯи меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорат тағйир ёфта, шабона аз 2-7 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8+13 то 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 9, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст