ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020 . Бо ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори фарҳангии «Кохи Суруш» дар доираи Нақшаи чорабинии муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамояд, мулоқот баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раис Дилноза Аҳмадзода, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода ва узви Комиссияи марказӣ Махфират Хидирзода иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории мулоқот шинос намудани интихобкунандагони ҷавон бо раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани моҳияти баргузории ин маъракаи сиёсӣ ва ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон мебошад.
Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода оид ба тартиби иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои интихобкунанда, меъёрҳои интихобот ва нақши он дар ҳаёти сиёсиву мадании шаҳрвандони ҳар давлату миллат сухан гуфт.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар мулоқот оид ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти густурдаи волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ва омодагии волонтёрон барои роҳнамоии мушоҳидони милливу байналмилалӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.
Дар охири вохӯрӣ миёни навинтихобкунандагон ва раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот ва саволу ҷавоб доир гардид.