ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020 . Бо ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, мулоқот доир гардид

Октябрь 1, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар толори фарҳангии «Кохи Суруш» дар доираи Нақшаи чорабинии муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот   ва раъйпурсии Тоҷикистон бо ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок  менамояд, мулоқот баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши   мазкур  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Раҳмонзода, муовини раис Дилноза Аҳмадзода, Раиси Комиссияи марказии интихобот   ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода ва  узви Комиссияи марказӣ Махфират Хидирзода иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мулоқот шинос намудани интихобкунандагони ҷавон бо раванди интихоботи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, фаҳмонидани моҳияти баргузории ин маъракаи сиёсӣ ва ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон мебошад.

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода оид ба тартиби иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои интихобкунанда, меъёрҳои интихобот ва нақши он дар ҳаёти сиёсиву мадании шаҳрвандони ҳар давлату миллат сухан гуфт.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар мулоқот  оид ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти густурдаи волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ва омодагии волонтёрон барои роҳнамоии мушоҳидони милливу байналмилалӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Дар охири вохӯрӣ миёни навинтихобкунандагон ва раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот ва саволу ҷавоб доир гардид.

Октябрь 1, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон