ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. То соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ дода будем имрӯз аз соати 06:00-и субҳ дар 3375 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ идома дорад. Ба иттилои узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Носирҷон Салимӣ то соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот иштирок намуданд.
Носирҷон Салимӣ афзуд, ки аз рӯи маълумоти ба мо расида, мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба участкаҳои интихоботӣ омада, дар фазои озоду шаффоф бо риояи қонунгузории интихоботии мамлакат ва қоидаҳои беҳдоштии муқаррашуда, ба номзади мавриди назари худ овоз дода истодаанд.
Бо мақсади таъмини шаффофияти интихобот раванди овоздиҳиро мушоҳидони миллӣ, намояндагони субъетҳое, ки номзад пешбарӣ намудаанд, шахсони боэътимоди номзадҳо ва мушоҳидони байналмилалӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷи дуру наздик мушоҳида намуда истодаанд.
Овоздиҳии шаҳрвандон идома дорад ва бо дастрас шудани маълумоти тоза дар бораи рафти овоздиҳӣ хабар дода мешавад.








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






