ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. То соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд

Октябрь 11, 2020 12:17

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре пештар иттилоъ дода будем имрӯз аз соати 06:00-и субҳ  дар  3375 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ идома дорад. Ба иттилои узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Носирҷон Салимӣ то соати 12:00 ду миллиону 295 ҳазору 459 нафар ё 46,44% интихобкунандагон дар интихобот иштирок намуданд.

Носирҷон Салимӣ афзуд, ки аз рӯи маълумоти ба мо расида,  мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба участкаҳои интихоботӣ омада, дар фазои озоду шаффоф бо риояи қонунгузории интихоботии мамлакат ва қоидаҳои беҳдоштии муқаррашуда, ба номзади мавриди назари худ овоз дода истодаанд.

Бо мақсади таъмини шаффофияти интихобот раванди овоздиҳиро мушоҳидони миллӣ, намояндагони субъетҳое, ки номзад пешбарӣ намудаанд, шахсони боэътимоди номзадҳо ва мушоҳидони байналмилалӣ аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷи дуру наздик мушоҳида намуда истодаанд.

Овоздиҳии шаҳрвандон идома дорад ва бо дастрас шудани  маълумоти тоза дар бораи рафти овоздиҳӣ  хабар дода мешавад.

Октябрь 11, 2020 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»