Кормандони ВАО дар Душанбе донишҳои ҳуқуқии худро такмил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат машғулияти омӯзишӣ оғоз ёфт, ки он аз ҷониби Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи машғулияти омӯзишӣ баланд бардоштани донишҳо ва маърифати ҳуқуқии намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад.
Интизор меравад, ки зарфи се рӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Умрилло Меликов доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои ахбори омма, вазъи ҳуқуқии журналист ҳамчун намояндаи воситаҳои ахбори омма ва дигар масоили марбут ба ҳуқуқи журналистон омӯзиш мегузаронад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






