Кормандони ВАО дар Душанбе донишҳои ҳуқуқии худро такмил медиҳанд

Октябрь 20, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе  барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат машғулияти омӯзишӣ оғоз ёфт, ки он аз ҷониби  Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи машғулияти  омӯзишӣ баланд бардоштани донишҳо ва маърифати  ҳуқуқии намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад.

Интизор меравад, ки зарфи се рӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони  марказҳои матбуотии вазорату идораҳои мамлакат доктори  илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи  иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Умрилло Меликов доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи воситаҳои ахбори омма, вазъи ҳуқуқии журналист ҳамчун намояндаи воситаҳои ахбори омма ва дигар масоили марбут ба ҳуқуқи журналистон омӯзиш мегузаронад.

 

Октябрь 20, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид