ММТ дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронад

Октябрь 19, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ моҳҳои октябр-декабри соли 2020 баргузории имтиҳонҳои озмоиширо ба нақша гирифтааст. Имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми  мазкур бо мақсади шинос кардани алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Давоми 3 рӯз –аз 19 то 21 октябри имсол дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иштироки 808 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мазкур имтиҳонҳои озмоишӣ ҷараён мегиранд.

Тибқи хоҳиши хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимӣ, шумораи иштирокдорони озмоиш аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо чунин хоҳад буд:

— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 124 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 145 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 180 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 93 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 266 нафар хатмкунанда.

Имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Марказ гузаронида мешаванд. Варақаҳои ҷавобҳои ҳар иштирокдори озмоиш дар Марказ ба таври автоматӣ коркард шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва огоҳ шудан аз навъи саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ ва талаботи дигар мебошад.

Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 19, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад