ММТ дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ моҳҳои октябр-декабри соли 2020 баргузории имтиҳонҳои озмоиширо ба нақша гирифтааст. Имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми мазкур бо мақсади шинос кардани алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Давоми 3 рӯз –аз 19 то 21 октябри имсол дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иштироки 808 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мазкур имтиҳонҳои озмоишӣ ҷараён мегиранд.
Тибқи хоҳиши хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимӣ, шумораи иштирокдорони озмоиш аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо чунин хоҳад буд:
— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 124 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 145 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 180 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 93 нафар хатмкунанда;
— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 266 нафар хатмкунанда.
Имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Марказ гузаронида мешаванд. Варақаҳои ҷавобҳои ҳар иштирокдори озмоиш дар Марказ ба таври автоматӣ коркард шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо равона карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва огоҳ шудан аз навъи саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ ва талаботи дигар мебошад.
Акс аз манбаъҳои боз








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






