Муҳриддин Низомӣ: Забони тоҷикӣ нуфузу шуҳрати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад

Октябрь 5, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Забони шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва нуфузу шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад. Ин нуктаро имрӯз ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зимни  ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада  баргузор гардид, иброз дошт.

Ҳамчунин мавсуф зикр кард, ки 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардид. Вале баъди бист соли амали он бо мақсади қонеъ гардондани талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад. Бо ин мақсад, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин таърих расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Қонуни мазкур  вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ — дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Одилзода тазаккур дод, ки “забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад”.

Ба андешаи ӯ, забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид ва дар умури давлатдорӣ мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидааст.

Ба гуфтаи муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмии мамлакат, мутобиқи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» уҳдадор карда мешаванд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз хама, навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён, фарҳангҳои русӣ — тоҷикӣ, англисӣ — тоҷикии истилоҳоти бахшҳои гуногуни илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи фарҳангӣ- ҳунарӣ, ки фарогири филми мустанади «Таърих гувоҳ аст…», композитсияи адабии «Шеваи хирад», шеърҳои «Забони давлатӣ», «Тоҷикистони ман», «Мепарварам», «Ӯ ҷони миллат аст» ва рақсу оҳангҳои марғуб пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Октябрь 5, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст