МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани интихоботи дарпешистода омодагии ҷиддӣ дидааст

Октябрь 10, 2020 17:58

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки 156 нафар мушоҳидони байналмилалӣ дар назар аст, ки аксари онҳо аллакай фаъолияти худро дар ин самт оғоз намуданд.

Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода муовини роҳбари ҳайати мушоҳидон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Бурутинро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот  мушоҳидон аз омодагии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарзи ташкили кор изҳори қаноатмандӣ карданд.

Раиси КМИР  имрӯз инчунин бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо–Улуғбек Абдусаломов мулоқот кард. Ҳайати мушоҳидон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ташкили раванди интихобот, чораҳои андешидашудаи беҳдоштӣ дар  ҳавза  ва участкаҳои интихоботӣ баҳои баланд дода, дар  баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ мувафаққият орзу намуданд.

Бахтиёр Худоёрзода имрӯз ҳайати мушоҳидон аз Иттиҳоди байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро низ, ки  бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Роҳбари ҳайати мушоҳидон Олег   Мелниченко, раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, ҳангоми мулоқот иброз дошт, ки КМИР ҶТ дар самти тайёрӣ ва баргузор намудани интихоботи дар пешистода омодагии ҷиддӣ дидааст. Номбурда вобаста ба омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ низ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар мулоқот котиби Генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ Дмитрий Кобитский ва роҳбари котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии  давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок доштанд.

Имрӯз мулоқоти Раиси КМИР ҶТ бо ҳайати мушоҳидон аз Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Россия низ  баргузор гардид, ки дар рафти он оид ба масъалаҳои омодагӣ ба интихобот ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба он табодули назар карда шуд.

Дар баробари ин Раиси КМИР ҶТ имрӯз намояндагонро аз Комиссияи мустақили интихоботии Ҷумҳурии Афғонистон низ ба ҳузур пазируфт. Ҳайати мазкур назари худро  дар бораи тартиби ташкили раванди интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз  доштанд.

Октябрь 10, 2020 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон