Мушовирони Донишгоҳи Аврупоии Варна барои омӯзгорони ду муассисаи олии таълимии Тоҷикистон онлайн-машғулият доир намуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 17 октябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди ҳамкории шабакавии байни донишгоҳҳо-омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон” дар мавзӯи “Такмили методикаи таълим дар низоми шабакавӣ” онлайн-машғулият доир гардид. Тренинг дар шакли вебинар дар софтвери Google Meat аз тарафи мушовирони байналмилалӣ аз Донишгоҳи Аврупоии Варна (Булғористон) барои ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир карда шуд. Дар ин бора ёвари Ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Барои иштирокчиёни тренинг шароити хуби корӣ бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири омӯзиши шабакавӣ фароҳам оварда шуда, зимни машғулият аз тарафи тренерон Петр Петров, Владимир Жучев ва Радка Начева татбиқи амалии онлайн-машғулият барои донишҷӯён намоиш дода шуд. Аз тарафи иштирокчиёни тренинг барномаҳои амалкунандаи таҳсилоти фосилавӣ ба таври электронӣ дар барномаи Moodle муаррифӣ карда шуданд.
Аз ҳарду муассисаи таълимӣ, ки лоиҳаи муштарак амалӣ месозанд, 40 нафар омӯзгорон дар тренинг иштирок карданд. Дар доираи баргузории тренинг инчунин аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳайати донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони факултети иқтисодиёти миллӣ ва таҳлили молиявии Донишгоҳи давлатии Данғара машғулияти таълимӣ ва омӯзишҳои иловагӣ баргузор карда шуданд.
Иштирокчиёни тренинг тасмим гирифтанд, ки дар самти истифодаи технологияи электронӣ дар раванди таълим, бахусус татбиқи онлайн- машғулият, ки аз ҷумлаи яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, ҳамкориро дар оянда низ идома диҳанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






