Неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба истеҳсоли барқ дар фасли зимистон пурра тайёранд

Октябрь 16, 2020 11:21

ДУШАНБЕ, 16.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони  Неругоҳи барқи обии «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021  ва  дар давраи  зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқ корҳои омодагӣ ва таъмири  ҷорӣ, миёна  ва асосии  гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро  мувофиқи нақша гузарониданд. Айни замон дар гидроагрегати рақами 1-и неругоҳ корҳои навсозӣ ҷараён дошта, гидроагрегатҳои рақамҳои 2,3,4,5,6, 7,8,9  баҳри истеҳсоли қувваи барқ дар ҳолати корӣ қарор доранд. 

Тибқи иттилои сармуҳандиси НБО-и «Норак» Рустам Фозилов, то имрӯз мутахассисони ин корхонаи бузург тибқи нақша  барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 як зумра корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғани Т–1500, Тп-30, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани  дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражи №1-2-и сойи Сафедоб ва ҳавзи сойи лагерро пурра иҷро намудаанд.

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» низ барои истеҳсоли барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Муовини сардори Хадамоти истифодаи техникии неругоҳи «Бойғозӣ» Фахриддин  Ятимов гуфт, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда,  қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор ва айни замон дар ҳолати корӣ қарор доранд.  Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар  роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ  30 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 2 тонна сӯзишвории бензин ва миқдори зарурии намак захира карда, техника ва механизмҳои неругоҳ аз таъмирҳои ТО-1 ва ТО-2 гузаронида шудаанд. Ҳамзамон ин техникаҳо барои дар фасли зимистон ба кормандони нуругоҳ хизмат расонидан пурра омода мебошанд.

Сармуҳандиси НБО-и «Бойғозӣ» Ҷамшед Маҳмадхонов иброз дошт, ки дар асоси нақшаи таъмири неругоҳ  генераторҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  айни замон дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Сармуҳандиси НБО-и «Норак» Рустам Фозилов гуфт, ки   оби обанбори НБО-и «Норак»  айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дошта, дар фасли зимистони солҳои 2020-2021 сокинони мамлакатро бо барқ пурра таъмин менамояд.

Октябрь 16, 2020 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд