ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр мешавад

Октябрь 1, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад.  Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2+7 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+1  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 13 +18 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 1, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад