Олимони Британия изҳор намудаанд, ки ваксинаҳои нахустини зидди COVID-19 ноқисанд
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаҳои насли аввали зидди коронавирус метавонанд ба ҳама таъсир накунанд, ноқис бошанд, танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд, вале сироятёбиро пешгирӣ накунанд,- иброз намудааст роҳбари гурӯҳи кории ҳукумати Британия оид ба ваксинаи зидди COVID-19 Кейт Бингэм, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
«Насли нахустини ваксинаҳо эҳтимолан номукаммал хоҳад буд, мо бояд омода бошем, ки онҳо метавонанд сироятёбиро пешгирӣ накунанд, танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд ва ҳатто дар ҳамин ҳол ҳам метавонанд барои ҳама муассир набошанд ё муддати тӯлонӣ кор накунанд», — нашр намудааст суханони Бингэмро маҷаллаи Lancet ва илова кардааст, ки ваксинаи зидди коронавирус таърихи аз ҳама деринтизор аст.
Роҳбари гурӯҳи корӣ инчунин зикр кардааст, ки ҳоло пайдо шудан ё нашудани ваксинаи зидди COVID-19 дар Британияи Кабир маълум нест ва даъват кард, ки аз ҳад зиёд умедвор ва хушбин набошем.
Бингэм дар ин мавод дар бораи дастрасии гурӯҳи кории ҳукумати Британия ба шаш ваксинаи эҳтимолӣ хабар додааст.
Қаблан мушовирони илмии ҳукумат хабар дода буданд, ки коркарди ваксинаро дар Британия аввалҳои соли 2021 интизор доранд. Онҳо ҳатто эҳтимоли шурӯъ шудани эмгузарониро бо ваксина пеш аз мавлуди Исо истисно намекунанд. Тадқиқоти мустақиле, ки мутахассисони Донишгоҳи Бристол гузаронидаанд, бехатарӣ ва самаранокии ваксинаи дар Оксфорд коркардшударо пешакӣ тасдиқ кардаст.
АКС аз манобеи озод








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






