Олимони Британия изҳор намудаанд, ки ваксинаҳои нахустини зидди COVID-19 ноқисанд

Октябрь 29, 2020 14:29

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинаҳои насли аввали зидди  коронавирус метавонанд ба ҳама таъсир накунанд, ноқис бошанд,  танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд,  вале сироятёбиро пешгирӣ накунанд,- иброз намудааст роҳбари гурӯҳи кории ҳукумати Британия оид ба ваксинаи зидди COVID-19 Кейт Бингэм, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

«Насли нахустини ваксинаҳо эҳтимолан номукаммал хоҳад буд, мо бояд омода бошем, ки онҳо метавонанд сироятёбиро пешгирӣ накунанд, танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд ва ҳатто дар ҳамин ҳол ҳам метавонанд барои ҳама муассир набошанд ё муддати тӯлонӣ кор накунанд», — нашр намудааст суханони Бингэмро маҷаллаи Lancet ва илова кардааст, ки ваксинаи зидди коронавирус таърихи аз ҳама деринтизор аст.

Роҳбари гурӯҳи корӣ инчунин зикр кардааст, ки ҳоло пайдо шудан ё нашудани ваксинаи зидди COVID-19 дар Британияи Кабир маълум нест ва даъват кард, ки аз ҳад зиёд умедвор ва хушбин набошем.

Бингэм дар ин мавод дар бораи дастрасии гурӯҳи кории ҳукумати Британия ба шаш ваксинаи эҳтимолӣ хабар додааст.

Қаблан мушовирони илмии ҳукумат хабар дода буданд, ки коркарди ваксинаро дар Британия аввалҳои соли 2021 интизор доранд. Онҳо ҳатто эҳтимоли шурӯъ шудани эмгузарониро бо ваксина пеш аз мавлуди Исо истисно намекунанд. Тадқиқоти мустақиле, ки мутахассисони Донишгоҳи Бристол гузаронидаанд, бехатарӣ ва самаранокии ваксинаи дар Оксфорд коркардшударо пешакӣ тасдиқ кардаст.

 

АКС аз манобеи озод

Октябрь 29, 2020 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»