Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон: 2 ноябр астероиди нав дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин мегузарад

Октябрь 19, 2020 13:49

ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Астероиди нав, ки «2018 VP1»  номгузорӣ ва соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳида дар доираи барномаи худкори мушоҳидавӣ  барои ҷустуҷӯи астероидҳои нави наздик ба Замин кашф шудааст, аз рӯи ҳисобҳои ситорашиносон, 2 ноябр соати 11:33-и вақти ҷаҳонӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон соати 16:33 дақиқа ба Замин наздик мешавад, — изҳор доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Астероид дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин парида мегузарад. Ин масофа бо масофаи байни Замин ва Моҳ қобили қиёс аст. Азбаски андозаи астероид 2-3 метр арзёбӣ мешавад, воридшавии эҳтимолии он ба фазои замин оқибатҳои фалокатбор хоҳад дошт.

«Гарчанде ки мадори астероид мадори Заминро убур мекунад, бинобар хурд будани андозааш ин астероид ба гурӯҳи астероидҳои хатарнок шомил карда нашудааст ва ба он дараҷаи астероиди ба Замин наздикшаванда дода шудааст. Эҳтимоли ба фазои Замин ворид шудани астероид ҳамагӣ 0,4% -ро ташкил медиҳад», — шарҳ дод манбаъ.

Тавре ки дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо иброз намуданд, худи ҳамон рӯз, аммо пас аз 10 соати ба Замин наздик шудан астероид дар ҳамин масофаи баробари Замин ба Моҳ наздик мешавад. Тибқи ҳисобҳои ситорашиносон, то соли 2200 ин ҷинс дигар ба Замин наздик нахоҳад шуд.

Октябрь 19, 2020 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад