Раиси вилояти Суғд ба тарафдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дод
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии Хуҷанд,№27 рафта, ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулият барои овоздиҳӣ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир гардида истодаанд.
Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 18 ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардидааст.
Барои интихобкунандагон дар 18 ҳавзаи интихоботӣ ва 971 участкаи интихоботии ҳудуди вилоят бо назардошти риоя намудани қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ҳуҷраҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ, ҳуҷраи овоздиҳӣ барои шахсони дорои имконияти маҳдуд, ҳуҷраи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ, ҷои нишасти мушоҳидони миллӣ ва байналмиллалӣ, ҷои нишасти котибот ташкил карда шуда, қуттиҳои овоздиҳӣ дар ҷойҳои намоён ва дастрас гузошта шудаанд.
Дар вилояти Суғд беш аз 1 миллиону 550 ҳазор нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 30 ҳазор нафари онҳо бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ раъй медиҳанд.








ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»






