Раиси вилояти Суғд ба тарафдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дод

Октябрь 11, 2020 10:27

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии Хуҷанд,№27 рафта,  ба ҷонибдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар вилояти Суғд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, интихобкунандагон бо эҳсоси баланди масъулият барои овоздиҳӣ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир гардида истодаанд.

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 18 ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардидааст.

Барои интихобкунандагон дар 18 ҳавзаи интихоботӣ ва 971 участкаи интихоботии ҳудуди вилоят бо назардошти риоя намудани қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ҳуҷраҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ, ҳуҷраи овоздиҳӣ барои шахсони дорои имконияти маҳдуд, ҳуҷраи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ, ҷои нишасти мушоҳидони миллӣ ва  байналмиллалӣ, ҷои нишасти котибот ташкил карда шуда, қуттиҳои овоздиҳӣ дар ҷойҳои намоён ва дастрас гузошта шудаанд.

Дар вилояти Суғд беш аз 1 миллиону 550 ҳазор нафар  интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 30 ҳазор нафари онҳо бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ раъй медиҳанд.

Октябрь 11, 2020 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн