Рамазон Раҳимзода бо Залмай Халилзод мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вазъи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Залмай Халилзод ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барору комёбиҳо таманно намуд.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






