Сарвазири Япония ваъда додааст, ки Олимпиадаи Токиоро ҳатман дар соли 2021 баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Япония Ёсихиде Суга ният дорад, ки тобистони соли 2021 бозиҳои олимпӣ ва Паралимпиро ҳамчун рамзи пирӯзии инсоният бар коронавирус дар Токио баргузор кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, вай ин матлабро рӯзи душанбе дар нахустин суханронии барномавии худ дар парлумон иброз намудааст.
Сарвазир тасдиқ кард, ки аз охири моҳи июни соли равон шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ аз коронавирус дар Япония коҳиш меёбад. «Вале дар айни замон ӯ эътироф кард, ки ин тамоюл суст шудааст ва вазъият пешгӯинашаванда аст. Мо барои пешгирии паҳншавии таркишмонанди уфунат кор хоҳем кард».
Ҳамзамон сарвазир ваъда дод, ки барои эҳёи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар тадбирҳо хоҳад андешид.
«То нимаи аввали соли оянда, — гуфт ӯ, — мо барои тамоми аҳолӣ миқдори зарурии ваксинаро таъмин хоҳем кард, агар ба боэътимодӣ ва самарабахшии онҳо боварӣ ҳосил кунем. Эмгузаронӣ бо ваксина ройгон хоҳад буд. Ба пиронсолон, беморони музмин ва кормандони тиб афзалият дода хоҳад шуд».
Олимпиада дар Токио мебоист аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мешуд. Бо сабаби пандемияи COVID-19 мусобиқот як сол мавқуф гузошта шуданд ва акнун бояд аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор шаванд. Дар айни ҳол номи Бозиҳои Токио-2020 нигоҳ дошта хоҳад шуд.
АКС аз бойгонӣ








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






