Шаҳри Норак маъракаи даъвати тирамоҳиро пурра анҷом дод

Октябрь 1, 2020 11:47

НОРАК, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр бахшида ба Рӯзи даъватшаванда ҷавонони бонанги  шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ  сафарбар гардиданд ва дар ин рӯз маъракаи даъват  пурра ба анҷом расид.

Ба ин муносибат дар толори муассисаи таълимии  рақами 28-и шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Маликшо Неъматзода,  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими  тантанавӣ  оид ба даъвати тирамоҳии  ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода ба  падару модарони наваскарон барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуд.  Иброз дошт,  ки маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастии ҷавонон сабаб гардид, ки шаҳри Норак маъракаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии имсоларо дар ҷумҳурӣ дар рӯзи аввал 100 %  иҷро намояд, ки ин амал  ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстии  сокинони  шаҳрро нишон медиҳад.

Тибқи иттилои масъулини шаҳри Норак, аз шумораи умумии сафарбаршудагон 30 нафар курси ронандагӣ ва 18 нафар курсҳои  барқчӣ ва харротро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардидаанд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад баҳри болидарӯҳӣ ва хушҳолии даъватшудагону волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги шаҳр манзур гардид.

Октябрь 1, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид