Сохтакорони билети ҳарбии қалбакӣ ба даст афтоданд

Октябрь 7, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Нисбат ба Буйдаков Рустам Ашуралиевич барои омода карда, додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ бо моддаҳои 247, қисми 3, банди «а», 36, қисми 1 -391, қисми 1 ва 340  қисми 2 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба Каримов Файзидин Рустамович барои омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ бо моддаҳои 391, қисми 1 ва 340, қисми 2 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуданд. Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Рустам Буйдаков дар вазифаи ронандаи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори зершуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Файзидин Каримов моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд «А» барои ба номи бародари охирин — шаҳрванд «Б» омода карда, додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ 8000 сомонӣ маблағ талаб карда, онро дар ду ҳолат гирифта, ба охирин билети ҳарбии қалбакӣ омода кардаанд.

Инчунин Р. Буйдаков ва Ф.Каримов бо ҳамин тарзу усул моҳи июни соли 2020 ба номи шаҳрванд «Б» билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбиро бо роҳи сохтакорӣ омода намудаанд.

Октябрь 7, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид