Соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то сентябри соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд. Ин нишондиҳанда — 590,9 ҳазор нафар ё 62,4% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 317,2 ҳазор нафари онҳо (тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 63,2% камтар аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 337,3 ҳазор нафар ё 94,9 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст. Тақрибан 302,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.
Тибқи гузориши Бонки умумиҷаҳонӣ, меҳмонон дар Тоҷикистон барои истироҳати 6-12 рӯза, ба истиснои чиптаҳои ҳавопаймо, ба ҳисоби миёна аз 800 то 1400 доллар сарф мекунанд, ки ин аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ хеле камтар аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 18,2 ҳазор нафарро ташкил додааст (5,1% аз шумораи умумӣ) ва 14,3 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Имсол аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 237,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 66,9% теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Теъдоди россиягиҳо, ки дар нуҳ моҳи соли 2020 ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 47,1 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон — 41,3 ҳазор нафар, баъдан Қазоқистон — 7,4 ҳазор, Афғонистон — 4,5 ҳазор, Чин — 2,6 ҳазор, Туркия — 2,2 ҳазор ва дигар кишварҳо мебошанд.
Тавре ки аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҷрои сайёҳӣ бо сабаби пандемияи коронавирус, ки бар асари он алоқаи байналмилалии байни кишварҳо вайрон гардид, коҳиш ёфт.
Бино ба гузориши СММ, дар бораи таъсири коронавирус ба тиҷорат ва ҷомеаи Тоҷикистон, бар асари пандемияи COVID-19 ва маҳдудияти ҳаракати одамон ва молҳо бар асари он бахши сайёҳӣ бештар осебпазир будааст.
Дар ин гузориш зикр шудааст, ки сарфи назар аз он ки саҳми сайёҳӣ ҳоло дар ММД Тоҷикистон ночиз аст, талафот аз пандемия ба ҳар ҳол назаррас хоҳад буд.
Инчунин дар гузориши СММ зикр шудааст, ки шумораи ками ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои Тоҷикистон, ҳатто ҳангоми пандемия тавонистанд «худро аз ғарқшавӣ нигоҳ доранд», аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ ва набудани роҳҳои алтернативии сафар бо сабаби баста будани марзҳо.
Умуман, сайёҳӣ ва тиҷорати меҳмонхонаҳо соҳаҳое мебошанд, ки барои иқтисоди Тоҷикистон имконоти калон доранд.
ДАР АКС: сайёҳони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон. Акс аз манбаъҳои озод








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид






