СУТ бастани мактабҳоро дар мубориза бо COVID-19 тадбири муассир намеҳисобад
ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҳанс Клуге бастани мактабҳоро тадбири бесамар дар мубориза бо коронавирус номид. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ӯ дар ин бора рӯзи сешанбеи 27 октябр дар сафҳаи Твиттер навиштааст.
«Баста шудани мактабҳо дар кори мубориза бо уфунат кам мусоидат мекунад, бинобар ин онҳо бояд кушода бошанд», — зикр кард ӯ. — Ин ҳолат ба кӯдаконе, ки дар шароити душвор зиндагӣ мекунанд, бештар таъсир мерасонад», — менависад Арменпресс бо истинод ба ТАСС.
Қаблан Клюге баста шудани мактабҳоро ҳангоми пандемия «бузургтарин халали таърихӣ дар таҳсили 1,6 миллиард хонанда дар беш аз 190 кишвари дунё» номид ва тавзеҳ дод, ки мактабҳо омили асосии паҳншавии уфунат нестанд.
31 август Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ҷаласаи маҷозӣ барои 53 кишвари дунё оид ба кушодани мактабҳо ва COVID-19 доир намуд ва зимни он амалҳои мушаххас оид ба таъмини омӯзиши кӯдакон дар муҳити бехатар муҳокима шуданд.
АКС аз манобеи озод








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






