СУТ бастани мактабҳоро дар мубориза бо COVID-19 тадбири муассир намеҳисобад

Октябрь 28, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҳанс Клуге бастани мактабҳоро тадбири бесамар дар мубориза бо коронавирус номид. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ӯ дар ин бора рӯзи сешанбеи 27 октябр дар сафҳаи Твиттер навиштааст.

«Баста шудани мактабҳо дар кори мубориза бо уфунат кам мусоидат мекунад, бинобар ин онҳо бояд кушода бошанд», — зикр  кард ӯ. — Ин ҳолат ба кӯдаконе, ки дар шароити душвор зиндагӣ мекунанд, бештар таъсир мерасонад», — менависад Арменпресс бо истинод ба ТАСС.

Қаблан Клюге баста шудани мактабҳоро ҳангоми пандемия «бузургтарин халали таърихӣ дар таҳсили 1,6 миллиард хонанда  дар беш аз 190 кишвари дунё» номид ва тавзеҳ дод, ки мактабҳо омили асосии паҳншавии уфунат нестанд.

31 август Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо ҷаласаи маҷозӣ барои 53 кишвари дунё оид ба кушодани мактабҳо ва COVID-19 доир намуд ва зимни он амалҳои мушаххас оид ба таъмини омӯзиши кӯдакон дар муҳити бехатар муҳокима шуданд.

                                                         АКС аз манобеи озод

 

Октябрь 28, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»