Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Кумитаи рушди маҳал
ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо» бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он машварат баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт, ки соли равон барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ба истиснои шаҳри Ҳисор, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанбе) ба анҷом мерасанд. Зикр шуд, ки фаъолияти минтақавии давлат яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи сиёсати давлат буда, барои ташкил ва рушди минтақа дар асоси барнома нақша ва чорабиниҳои дигари қабулнамудаи давлат равона мегарданд.
Таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал нигаронида шуда, он тавассути самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда, муҷаҳҳаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияҳои муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






