Умед Бобозода бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Михаэла Сивич ва Марианна Скопа, ки ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд, мулоқот намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Умед Бобозода ташрифи ҳайати нозиронро хайрамақдам гуфта, ҳамкории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанберо муҳим арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки роҳбарон ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихобот фаъолона иштирок намуда, ҳолати омодагии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳоро мониторинг намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.
Дар интиҳо оид ба раванди тарғиботи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот бо интихобкунандагон, баромад дар ВАО баҳои баланд дода шуда, бо боварӣ таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.