Умед Бобозода бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Октябрь 8, 2020 16:37

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Михаэла Сивич ва Марианна Скопа, ки ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд, мулоқот намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Умед Бобозода ташрифи ҳайати нозиронро хайрамақдам гуфта,  ҳамкории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанберо муҳим арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки роҳбарон ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар раванди ташкил ва баргузории интихобот фаъолона иштирок намуда, ҳолати омодагии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳоро мониторинг намуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.

Дар интиҳо оид ба раванди тарғиботи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот бо интихобкунандагон, баромад дар ВАО  баҳои баланд дода шуда, бо боварӣ таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.

Октябрь 8, 2020 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон