Ёвон: волидоне, ки ду ва зиёда писарони онҳо дар сафи Артиши миллӣ хизмат мекунанд, қадрдонӣ шуданд
ЁВОН, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар арафаи даъвати тирамоҳии ҷавонон барои дар назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа таҳсил намудан ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гаштани 140 нафар ҷавонон саҳм гузошт, ки як қисмати онҳо имрӯз ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Чунин гуфта шуд дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боғи «Фароғат»-и шаҳраки Ёвон бо иштироки раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайни даъватшавандагону ҷавонон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба даъватшавандаҳое, ки ройгон дар курсҳои ронандагии назди Ташкилоти мададгори мудофиа ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳсил кардаанд, шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ инчунин волидоне, ки ду ва зиёда писарони онҳо дар сафи Артиши миллӣ хизмат мекунанд, барои тарбияи шоистаи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ бо сипосномаҳои раиси ноҳияи Ёвон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар маросим раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода иқдоми сарбозони ояндаи Ватанро шоистаи таҳсин хонда, гуфт, ки “ҷавононе, ки ҳоло бо эҳсоси шуълавари муҳаббати зодгоҳ дар ин майдон ҷамъ омадаанд, аз ҷумлаи нафарони ҷасоратманди ноҳияи Ёвон мебошанд, ки даъвати Ватани худро ба ҷону дил пазируфта, хизмати ҳарбиро ихтиёр кардаанд. Иқдоми шоистаи ин ҷавонони далер умеду бовариро ба қудрати тавонои Тоҷикистони азиз бештар намуда, сабаби таҳкиму тақвияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини муқаддаси мо мегардад”.
Ҳамоиши пуршукӯҳи ҷавонони ноҳияи Ёвон гувоҳи он буд, ки онҳо хизмат ба Ватан ва гузаштан аз мактаби мардонагиро барои худ мояи шараф ва ифтихор медонанд.










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






