60 нафар кормандони милитсия бо нишони сарисинагии «Аълочии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 10, 2020 10:38

ДУШАНБЕ,  10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид. Зимни он  20 нафар кормандони Хадамоти мазкур барои хизматҳои шоён дар мақомоти корҳои дохилӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», медалҳои «Садоқат», «Милитсияи тоҷик», «Хизмати шоён», дараҷаҳои 1, 2 ва 3, «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» қадрдонӣ гардиданд. Инчунин 60 нафар кормандони ниҳод бо нишони сарисинагии «Аълочии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза», полковники милитсия Анварҷон Ализода зикр дошт, ки  маҳз матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии кормандони милитсия дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу осоиш ва амнияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ буд, ки ин санаи таърихӣ ҳоло бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати иншооти муҳим ва махсусан муҳим, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон шабонарӯзӣ хизмат менамоянд.

Кормандони милитсия дар мубориза бо дастаҳои муташаккили ҷинояткор, гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва нашъаҷаллоб фаъолнокӣ нишон дода, дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Сардори хадамот бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳайати шахсии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» минбаъд низ масъулияти вазифавии хешро бо сарбаландӣ иҷро намуда, уҳдадориҳои хизматиро содиқона ба ҷо меоранд.

Ноябрь 10, 2020 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад