ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Тоҷикобод ба маблағи 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёди Қасри фарҳанг идома дорад

Ноябрь 2, 2020 12:52

ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Тоҷикобод   бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди  Қасри фарҳанг ба маблағи 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ,   чароғону мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 8 миллион сомонӣ, инчунин  боғи фарҳангӣ  ба маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  ва ҷалби соҳибкорон идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни замон дар ноҳия  ба маблағи 800 ҳазор  сомонӣ дар деҳаи Капалӣ аз ҳисоби шарикони рушд дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ  кашидани хатти оби нӯшокӣ дар арафаи анҷом қарор дошта, дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд  бунёди бинои муосири ҳаммом-сауна, маркази хизматрасонию   меҳмонхонаи  замонавӣ  идома дорад.

Дар ноҳияи Тоҷикобод то ҷашни миллӣ бунёди  77 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки  алҳол  30 иншооти он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Корҳои сохтмонӣ дар 34 иншооти дигар бомаром   идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 — 2020 амалисозии 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалишавии Барномаи  мазкур   ба рушди соҳаи саноат, ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои бекорхобида, зиёд намудани шумораи корхонаҳои саноатии хурду миёнаи ноҳия  мусоидат менамояд.  Дар ноҳия  бунёди се коргоҳ ва корхонаҳои хурди саноатӣ дар назар аст. Айни замон корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла  корхонаҳои “Бонувони Тоҷикобод”, “Дастони моҳир” ва ҶДММ “Достон”  ба дӯхтани либоси ягона барои мактаббачагон  нигаронида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни 29 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия  ду бинои иловагии таълимӣ, маркази тиббӣ ва се хатти оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон  сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои баландкӯҳи  Оби Сафед ва Дараи Нӯшор дар арафаи анҷомёбист.

Хотиррасон менамоем, ки  моҳи сентябри соли равон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод  бинои  иловагии  муассисаи таълимии деҳаи Фатҳобод бунёд шуда, инчунин нуқтаи хатти  оби нӯшокии  деҳаҳои Сабзазор ва Навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳия, ки  бо маблағгузории  соҳибкори маҳаллӣ Ҳикматулло Собиров  аз масофаи 7 км барои таъмини 300 хоҷагӣ оварда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ноябрь 2, 2020 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»