Намояндаи парлумони Тоҷикистон дар Ҷаласаи 51-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

Ноябрь 28, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли (реҷаи фосилавӣ) видеоконфронс оғоз гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Иттиҳод, инчунин намояндагони мақомоти ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Иҷлосияро аз толори хониши Қасри Таврический Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои АБП -и ИДМ, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия роҳбарӣ намуд.

Яке аз мавзӯъҳои марказии ҷаласа таъминоти қонунии тадбирҳое, ки дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19 андешида мешаванд, буд. Инчунин масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ ва таъминоти меъёрӣ — ҳуқуқии он дар фазои АвруОсиё, омодагӣ ба назорати интихобот ба мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои ИДМ дар соли 2021, ташкили Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маориф дар назди АБП ИДМ ва якчанд  масъалаҳои дигар низ баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчунин ҷаласаи 51-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори он ҳайатҳои парлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ҳамзамон Раиси комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқукии   АБ  ИДМ Эмомалӣ Насриддинзода дар ин ҷаласаҳо аз тариқи реҷаи фосилавӣ (видеоконфронс) иштирок намуда,  роҷеъ ба мавзӯи «Ҷуброни зарар  ба шаҳрвандоне, ки аз содир намудани ҷиноят зарар дидаанд»,  ибрози назар намуд.

Иширокчиёни ин ҷаласа- вакилон ҳамчунин лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи иншооти мероси фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии меҳнат барои давлатҳои аъзои ИДМ, Кодекси намунавии интихобот барои давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин якчанд лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи фаъолияти муҳандисию хидматрасонӣ ва машварати муҳандисӣ», «Дар бораи сохтмони объектҳои ғайриманқул дар асоси саҳми муштарак», «Дар бораи бехатарии экологии интиқоли маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳо», «Дар бораи рушд ва муҳофизати минтақаҳои кӯҳистон», «Дар бораи назорати парлумонӣ», «Дар бораи варзиш дар мактабҳо», «Дар бораи ҷуброни зарари ба шаҳрвандон расонидашуда, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд» ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ноябрь 28, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид