«Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат»-таҳти чунин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар конфронси мазкур намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва шаҳрӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок намуда, дар мавзӯъҳои марбут ба конференсияи мазкур маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки “таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихор аст, зеро он рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад”.
Ба зикри номбурда, имрӯз ҳар ҷавони мамлакат нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории навин, эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эҳсос намуда, пайваста кӯшиш менамояд, ки дар паҳлуи Сарвари давлат истода, ҷиҳати пешрафи ин сарзамин саҳм гузорад.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеа қувваи бузург меҳисобанд. Аз ин рӯ ҷавонон бояд ифтихор намоянд, ки идомадиҳандаи таърих, фарҳанг ва миллати куҳанбунёд ҳастанд. Имконоти фароҳамомада дар фаъолияти ҷавонон гувоҳи он аст, ки ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд”.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






