Аз 10 то 12 ноябр дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст

Ноябрь 10, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 то  нимаи 12 ноябр дар ҷумҳурӣ  баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо боришҳои шадид дар водиҳо дар назар буда, дар  баландкӯҳҳо борон ба барфи тар табдил меёбад.

Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кўчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.  Зеро ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кўдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки  бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин  рӯзҳо дар роҳҳои Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат — Рашт — Лахш — Карамиқ, Ш. Шоҳин — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ — Ишкошим эҳтимоли яхбандӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошинҳои худро омода созанд,  чархҳои тобистонаро ба  зимистона иваз кунанд. Ба мошинҳои боркаш тавсия дода мешавад, ки  занҷирҳои зидди лағжиш бо худ дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат миёни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳиро огоҳ мекунад, ки  ин сардиҳо метавонанд ба зироати кишоварзӣ таҳдид кунанд. Аз ин рӯ сокинон ҳосили пухтарасидаро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, он бахши ҳосилро, ки ҳоло хом буда, бояд муддате дар замин бимонад, бо масолеҳи пластикӣ ё пахол пӯшонанд ва аз сармо ҳифз кунанд.

Ноябрь 10, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад