Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад

Ноябрь 11, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 11.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.  14 ноябри соли равон  бахшида ба 29-солагии таъсиси Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар машқгоҳи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ   Чемпионати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид  ба  пойгаи  мототсиклронӣ доир мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  хадамоти матбуоти Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант,  Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ  иштирок менамоянд.

Пойга барои фатҳи марра байни мототсиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мототсиклҳои замонавии  истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Хонда, Кавасаки, Судзуки ва Ямаха миёни худ сабқат хоҳанд намуд.

Fолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

Мусобиқа бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.

Ноябрь 11, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад