Дар Бадахшон наваскарон савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

Ноябрь 10, 2020 15:53

ХОРУҒ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Сарбозони нав ба хизмат даъватшудаи  қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои садоқат ба халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд.

Наваскарони қисми  ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  пайи сафороии расмӣ бо  хондани  Суруди миллӣ ба    савгандёдкунӣ  оғоз карданд. Дар маросими мазкур афсарону аскарони  ин қисми низомӣ ва волидон ширкат варзиданд.

Наваскарони  даъвати  тирамоҳӣ дар  фазои мутантан  барои  садоқат  ба  халқу  Ватан ва  риояи  оинномаи ҳарбӣ  савганд  ёд  намуданд.

Бояд  ёдовар  шуд, ки  дар  замони  сохибистиқлолии мамлакат дар  баробари  дигар  соҳаҳои  муҳими хоҷагии халқ  ҷузъу  томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бахусус неруҳои марзбонӣ дар таъмини  амнияти марзи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии  убури  ғайриқонунии марз  ва  ҷилавгирӣ  аз  қочоқи   маводи  мухаддир нақши муҳим  доранд.

Дар маросими савгандёдкунӣ ҳамчунин собиқадорони соҳаи низомию интизомӣ ширкат варзида, аз наваскарон даъват ба амал оварданд, ки дар таъмини ҳифзи сулҳу субот, амнияти миллӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ тамоми донишу маҳорати  худро ба харҷ диҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба  хотири таъмини шароити маишии сарбозону  афсарон  талошҳои  зиёд ба  харҷ дода, ҳоло аксари дидбонгоҳҳои марзӣ бо биноҳои хуштарҳу зебо таъмин гардиданд. Афсарони  қисмҳои  ҳарбӣ миннатдории хешро  ба  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерали Артиш  Эмомалӣ Рахмон  ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баён  намуда, сарбозони қаториро ба  ифтихори  гиромидошти  маросими   савгандёдкунӣ табрик намуданд.

Барои хизматҳои  содиқона ва арзанда гурӯҳе аз афсарону аскарон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қадрдонӣ гардиданд. Пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Хотирнишон бояд намуд, ки минтақаи Бадахшон бо  кишварҳои  Қирғизистону Чин ва  Афғонистон марзи  муштарак  дошта,  ҳифзи  марз  ба уҳдаи Қӯшунҳои сарҳадии  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумхурии Тоҷикистон  вогузор шудааст.

Ноябрь 10, 2020 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд