Дар доираи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе дар Боғи Хайём сад адад ниҳоли кипарис шинонида шуд

Ноябрь 24, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба  Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе  бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Хайёми пойтахт  маъракаи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар доираи он 100 адад ниҳоли навъи кипарис шинонида шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд  дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони  Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сокинони шаҳри Душанбе, Ҷамъияти  германӣ оид ба корҳои байналмилалӣ дар  Тоҷикистон (GIZ)  иштирок намуданд.

Иқдоми  мазкур дар доираи ташаббусу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи сабзазоркунӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамзамон ба маъракаи ниҳолшинонӣ, тозагии муҳити зист ва сабзгардонии мавзеи мазкур иштирокчиён ва ғолибони чорабиниҳои онлайнии дар доираи «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» баргузоргардида ҳамроҳ шуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузоштанд.

Дар интиҳои ташаббуси мазкур ба иштирокчиёни барномаи  «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист  ва ғолиб омадан дар чорабиниҳои онлайнӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба иқлими сабз туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ноябрь 24, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад